(ABNA24.com) Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз рӯзномаи Вашингтон-Пост, Доналд Трамп рӯзи ҷумъа дар ҷаласае бо қонунгузорони ҷумҳурихоҳ гуфт: Коронавирус низ монанди ҳар чизи дигаре мемирад ва бидуни дастёбӣ ба ваксина пас аз муддате худ ба худ нопадид хоҳад шуд.
Антонио Фаочи- мудири Муассисаи миллии алергӣ ва бемориҳои сироятии Амрико борҳо таъкид кардааст ин беморӣ бидуни дастёбӣ ба ваксина аз байн нахоҳад рафт.
Трамп пештар низ муддаӣ шуда буд, ки бо доруҳои зиддималария метавон коронавирусро дармон кард.
Раиси ҷумҳури Амрико ҳамчунин дар изҳори назари аҷиби дигаре, баррасии идеаи истифода аз маводди зиддиуфуникунанда барои нобуд кардани коронавирусро хостор шуда буд, ки ин изҳори назари вай бо вокуниши тунди мутахассисон ва пизишкони амрикоӣ мувоҷеҳ шуд.
Амрико болотарин омори фавтиҳо ва мубталоён ба коронавирусро дар ҷаҳон дорад.